RU
АЗ ГУЗАШТА БА ОЯНДА: 25 СОЛИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН
ДУШАНБЕ. 9 октябр. Дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 – солагии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Аз гузашта ба оянда: 25 соли ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз доштанд, ки мероси таърихию фарҳангӣ муҳимтарин ҷузъи хотираи таърихии халқ, пайванди маънавии наслҳо ва худшиносии миллии он мебошад. Барои Тоҷикистон, ки таърихаш ба умқи ҳазорсолаҳо мерасад, ҳифз ва омӯзиши ин мерос аҳаммияти махсуси илмӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ дорад.
Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо масъулияти ҷомеаро дар назди таърих ва наслҳои оянда дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангии миллат таъкид намудаанд. Омӯзиш, тарғиб, ҳифз ва тармими ёдгориҳои таърихӣ аз вазифаҳои муҳимме мебошанд, ки иҷрои онҳо ба нигоҳдории хотираи таърихӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва пойдории пайванди маънавии наслҳо мусоидат мекунад.
Зикр гардид, ки ёдгориҳои таърихӣ ва осори фарҳангӣ шоҳиди роҳи тайкардаи халқ, таҷассумгари дастовардҳои тамаддунии ниёгон ва сарчашмаи арзишманди шинохти гузаштаи миллат мебошанд. Аз ин рӯ, муносибат ба онҳо бояд бо эҳтиром, масъулият ва такя ба донишҳои илмӣ сурат гирад. Таҳқиқи ҳамаҷонибаи ёдгориҳо, ҳифзи асолати онҳо ва анҷом додани корҳои тармим бо риояи талаботи илмӣ имкон медиҳад, ки мероси ниёгон барои наслҳои оянда нигоҳ дошта шавад.
Қайд гардид, ки дар тӯли чоряк аср Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар ин кори наҷиб ҷойгоҳи муҳим дорад. Дар ин солҳо он на танҳо ба маҳалли нигоҳдории маҷмуаҳои нодири бостоншиносӣ, балки ба маркази муҳими илмию фарҳангӣ табдил ёфтааст, ки таҳқиқ, ҳифз, тармим ва оммавигардонии мероси таърихии кишвари моро ба ҳам мепайвандад.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ дар омӯзиш ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ аҳаммияти махсус доранд, зеро таърихи Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи Осиёи Марказӣ ва фазои васеи фарҳангии Авруосиё мебошад. Анҷом додани таҳқиқоти муштарак, баргузории экспедитсияҳои бостоншиносӣ, нашри асарҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои намоишгоҳӣ ба омӯзиши амиқтари мероси муштараки таърихию фарҳангӣ, табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои касбии олимони кишварҳои гуногун мусоидат мекунанд.
Дар идома мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулозода Масрур дар суханронии хеш таъкид дошт, ки ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва муаррифии таъриху тамаддуни тоҷикон аҳаммияти муҳим дорад. Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиши таърихи миллӣ, ҳифзу барқарорсозии ёдгориҳо ва рушди фаъолияти осорхонаҳо заминаи мусоид фароҳам омадааст.
Таъкид гардид, ки осорхонаҳо дар баробари нигоҳдории ёдгориҳо ва бозёфтҳои таърихӣ, дар баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа ва таҳкими пайванди маънавии наслҳо нақши муҳим доранд. Дар ин замина, омӯзиши илмии осори бостонӣ, муаррифии дастраси натиҷаҳои таҳқиқот ва ҷалби ҷавонон ба шинохти мероси ниёгон аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ ба шумор мераванд. Ҳамчунин, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули таҷриба миёни мутахассисон метавонад ба такмили усулҳои ҳифзу тармими бозёфтҳо ва муаррифии шоистаи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мусоидат намояд.
Дар конфронс муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Пулотов Абдураҳмон, директори генералии Эрмитажи давлатии Санкт-Петербург Пиотровский Михаил Борисович, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дигар олимону муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
