RU
БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ МОНОГРАФИЯИ НАВИ ПРОФЕССОР РАҚИБ АБУЛҲАЕВ БА НАШР РАСИД
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монографияи нави доктори илмҳои таърих, профессор, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рақиб Абулҳаев таҳти унвони «Инкишофи обёрӣ ва азхудкунии заминҳои бекорхобида дар Тоҷикистон (солҳои 1961–1991)» ба нашр расид.
Монографияи мазкур ба яке аз масъалаҳои муҳими таърихи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон инкишофи обёрӣ ва мелиоратсия, азхудкунии заминҳои наву бекорхобида ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар солҳои 1961–1991 бахшида шудааст.
Муаллиф дар асоси маводи бойгонӣ, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва дигар сарчашмаҳои эътимодбахш раванди бунёду рушди иншооти ирригатсионӣ, азхудкунии заминҳои нав, омодасозии кадрҳои механизаторӣ ва муҳандисӣ, инчунин муҳоҷирати ба нақша гирифташудаи аҳолии минтақаҳои кӯҳиву баландкӯҳ ба водиҳои Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор додааст.
Дар асар ҳамчунин нақши намояндагони миллату халқиятҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии кишоварзии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани техникаи нав, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва интиқоли таҷрибаи истеҳсолӣ ба меҳнаткашони ҷумҳурӣ инъикос ёфтааст.
Яке аз самтҳои муҳими таҳқиқотро баррасии хусусиятҳои сохтмони иншооти ирригатсионӣ ва ҷараёни азхудкунии заминҳои наву бекорхобида дар водиҳо ва мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон дар солҳои 1960–1980 ташкил медиҳад. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки аҳаммияти ин равандҳоро дар рушди иқтисодиёти кишоварзии ҷумҳурӣ ва тағйироти иҷтимоию иқтисодии он давра ба таври мушаххас нишон диҳад.
Зикр кардан зарур аст, ки то имрӯз дар таърихнигории тоҷик ба масъалаи инкишофи обёрӣ, мелиоратсия ва азхудкунии заминҳои нав дар Тоҷикистон дар солҳои 1961–1991 нисбат ба дигар самтҳои таърихи иҷтимоию иқтисодӣ таваҷҷуҳи нисбатан кам зоҳир гардидааст. Аз ин рӯ, монографияи мазкур дар пурра намудани доираи таҳқиқоти илмӣ ва равшан намудани паҳлуҳои то ҳол камомӯхтаи таърихи рушди кишоварзии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дорад.
Асари нави профессор Рақиб Абулҳаев метавонад барои муҳаққиқони таърих, иқтисод, кишоварзӣ, обёрӣ ва мелиоратсия, омӯзгорон, донишҷӯён ва дигар муҳаққиқони соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ истифода мешавад.
