RU
АКАДЕМИК ЮСУФШОҲ ЯҚУБОВ ВА ТАҲҚИҚИ АСРОРИ ТАЪРИХИИ БУТАМОН
(бахшида ба 80-сологиии оғози омӯзиши бостоншиносии Тоҷикистон)
 
Дар миёни таърихнигорон бахусус, бостоншиносон академик Юсуфшоҳ Яқубов ҳамчун яке аз муҳаққиқони барҷаста шинохта мешавад, ки фаъолияти илмии худро ба омӯзиши ҳамаҷонибаи таърих ва фарҳанги тоҷикон бахшидааст. Муҳимтарин самтҳои фаъолияти илмии ӯро таҳқиқи сарчашмаҳои таърихӣ, омӯзиши ёдгориҳои бостонӣ ва муайян намудани нақшу мақоми онҳо дар равандҳои таърихию фарҳангии минтақа ташкил медиҳанд. Таҳқиқоти бисёрсолаи ӯ ба ошкор намудани паҳлуҳои то ҳол камомӯхташудаи таърихи бостонию асримиёнагии сарзамини тоҷикон мусоидат намуда, барои дарки амиқтари равандҳои ташаккули фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик заминаи муҳим фароҳам овардаанд. Осори илмии академик Ю. Яқубов дар таҳқиқи таърихи бостонии Тоҷикистон ва муайян намудани ҷойгоҳи он дар низоми тамаддуни ҷаҳонӣ аҳаммияти назаррас дорад. [1, с. 65].
Академик Ю. Яқубов бо таҳқиқоти амиқ ва фарогири худ дар самти омӯзиши таърихи қадим ва асримиёнагии халқҳои Осиёи Марказӣ, бахусус таҳқиқи асрори таърихии Бутамон ва фарҳанги моддии Суғд, дар ҷомеаи илмӣ мақоми баландро соҳиб гардидааст. Ӯ ҳамчун муҳаққиқи дақиқкор, ҳақиқатҷӯ ва содиқ ба илм дар рушди илми таърих ва бостоншиносии миллӣ саҳми назаррас гузоштааст [3, с. 7].
Таҳқиқоти академик Ю. Яқубов дар самти омӯзиш ва таҳқиқи асрори таърихии Бутамон аҳаммияти бузурги илмӣ доранд. Ӯ дар асоси маводди бостоншиносӣ асрори таърихии Бутамонро мавриди таҳлил қарор додааст. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба таърихи Бутамон дар осори илмии ӯ мавқеи муҳим дошта, яке аз самтҳои назарраси таҳқиқоти бостоншиносӣ ва таърихии ӯ ба ҳисоб мераванд.
Хусусияти муҳимми таҳқиқоти академик Ю. Яқубов дар он зоҳир мегардад, ки ӯ таърихи Бутамонро на танҳо дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ, балки бо истифода аз маълумоти ёдгориҳои бостоншиносӣ низ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додааст.
Осари асосии академик Ю. Яқубов дар самти омӯзиш ва таҳқиқи таърихи Бутамон «Деҳаҳои аввали асримиёнагии кӯҳистони Суғд» [4. ] ба шумор меравад. Ин осор дар омӯзиши таърихи қадим ва асримиёнагии минтақа, инчунин дар рушди таҳқиқоти бостоншиносӣ ва таърихии Суғд нақши муҳим доранд.
Масоили таҳқиқи Бутамон на танҳо ба омӯзиши сарчашмаҳои хаттӣ, балки ба таҳқиқи бевоситаи ёдгориҳои бостонӣ, муайян намудани таърихи онҳо ва равшан сохтани ҷойгоҳу аҳаммияти онҳо дар таърихи ин сарзамин низ алоқаманд мебошад.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ бахши кӯҳистонии Суғди қадим бо номҳои Бутам, Бутамон ва Кӯҳистон ёд шудааст. Ин сарзамини васеъ дар самти шарқии Самарқанд ҷойгир мебошад, ки минтақаҳои кӯҳистонии Суғди қадимро фаро мегирифт. Тибқи маълумоти ҷуғрофиёдонҳо ва таърихнигорони асримиёнагӣ, Бутамон ба се қисм – Бутамони болоӣ, Бутамони миёна ва Бутамони поёнӣ – ҷудо мешуд. Маълумоти дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ зикршуда оид ба мавқеи ҷуғрофӣ, ҳудуд, маҳалҳои аҳолинишин ва рӯйдодҳои таърихии Бутамон барои омӯзиши таърихи ин минтақа аҳамияти муҳими илмӣ доранд. Ин маълумот имкон медиҳад, ки ҷуғрофиёи таърихии Бутамон ва ҷойгоҳи он дар низоми таърихию фарҳангии Суғди қадим муайян карда шавад. Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки бо вуҷуди тағйироти зиёде, ки дар номгузории мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар тӯли асрҳо ба вуҷуд омадаанд, номҳои бисёре аз деҳаҳо, водиҳо, кӯҳҳо, рӯдҳо ва дигар мавзеъҳои Бутамон то имрӯз боқӣ монда, дар баъзе мавридҳо шаклҳои қадимии суғдии худро ҳифз кардаанд. Ин ҳолат барои муайян намудани мавқеи ҷуғрофии Бутамон ва пайгирии идомаи суннатҳои фарҳангии аҳолии ин минтақа аҳаммияти хос дорад [2, с. 19].
Академик Ю. Яқубов ҷуғрофиёи таърихии Бутамонро дар асоси таҳлилу муқоисаи сарчашмаҳои хаттӣ мавриди омӯзиш қарор дода, доираи ҳудудии ин вилояти таърихиро мушаххас намудааст. Ба андешаи ӯ, ноҳияҳо (рустакҳо)-и шомили Бутамон Яғноб, Фалғар, Мастчоҳ, Киштут ва Моғиён буданд. Ҳамзамон, ӯ таъкид мекунад, ки кӯҳҳои Бутамон нисбат ба ин ноҳияҳо ҳудуди васеътарро фаро гирифта, қисматҳои Фарғона, Суғд, Чағониён, Шумон, Аҳорун, Вашгард ва Раштро низ дар бар мегирифтанд. Академик Ю. Яқубов бо такя ба маълумоти ҷуғрофидони маъруф Абурайҳони Берунӣ Усрушанаро низ ба ҳудуди сарзамини Бутамон дохил менамояд [4, с. 21-22].
Дар асоси таҳлили маводди бостоншиносӣ ва мадракҳое, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди Бутамон ба даст омадаанд, академик Юсуфшоҳ Яқубов маҳалҳои сукунати ин минтақаи таърихиро ба чор навъи асосӣ ҷудо менамояд. Ба навъи аввал дижҳо ва кушкҳое, ки дорои низоми истеҳкомӣ дохил мешаванд. Ба ин гурӯҳ ёдгориҳои бостонӣ, аз қабили – Қалъаи кӯҳи Муғ (Абаргар) (асрҳои VII-VIII), Қалъаи Филмандар, Тали Малла (шояд тали Мулло Умар бошад), Қалъаи Кучараҳ, Қалъаи Нофин ва дигар ёдгориҳои ҳамгун мансубанд [4, с. 32-35].
Ба навъи дуюми маконҳои сукунати Бутамон академик Юсуфшоҳ Яқубов ёдгориҳои дуқисматаи маскунӣ, аз қабили Ботуртеппа (асрҳои VII-VIII ва XI-XII), воқеъ дар шимоли деҳаи Суҷина, дар ҳудуди Дашти Малла, дохил менамоянд. Ба андешаи устод, то имрӯз дар ҳудуди Суғд чунин навъи ёдгориҳо ба таври кофӣ мавриди ҳафриёти бостоншиносӣ қарор нагирифтаанд. Ботуртеппа аз се ҷониб бо деворҳои муҳофизатӣ иҳота шуда, аз ду бахши асосӣ – диж ва деҳистон, ки ба ҳам пайвастанд, иборат мебошад. Тибқи маълумоти Ю. Яқубов, дар кӯҳистони водии Зарафшон то давраи истилои арабҳо беш аз 40 ёдгории чунин навъ вуҷуд доштааст. Ин ёдгориҳо асосан деҳистонҳо, яъне маҳалҳои хурди сукунатӣ, буда, дар онҳо на танҳо як хонавода, балки чандин хонавода зиндагӣ мекарданд [4, с. 37-39].
Ба навъи сеюми маконҳои сукунати Бутамон, тибқи пажӯҳишҳои академик Юсуфшоҳ Яқубов, ёдгории Гардани Ҳисор ва ёдгориҳои ҳамгун дохил мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар ибтидои асри VIII дар Бутамон тақрибан 15 ёдгории чунин навъ вуҷуд доштааст. Аз рӯйи сохтори меъморӣ, Гардани Ҳисор ба як шаҳрак шабоҳат дошта, аз ду бахши асосӣ – диж бо иншооти даромадгоҳ ва деҳистон – иборат будааст. Устод Юсуфшоҳ Яқубов бо муқоисаи сохтори Гардани Ҳисор ва маҳалҳои сукунати муосири минтақа ба хулоса меояд, ки сохтори деҳаҳои имрӯзаи воқеъ дар доманакӯҳҳои болооби Зарафшон ба сохтори Гардани Ҳисор шабоҳати назаррас дорад. Ин монандӣ аз идомаи баъзе анъанаҳои ташаккули маҳалҳои сукунатӣ дар минтақа шаҳодат медиҳад [4, с. 41-43].
Ба навъи чорум маконҳои сукунатии Бутамонро устод Юсуфшоҳ Яқубов шартан «шаҳракҳо» номида, Санҷаршоҳ, воқеъ дар наздикии деҳаи Суҷинаро ҳамчун намунаи барҷастаи ин навъи ёдгориҳо муаррифӣ менамояд. [2, с. 20]. Санҷаршоҳ аз ҷумлаи ёдгориҳои муҳимми минтақаи болооби Зарафшон ба ҳисоб рафта, дорои сохтори мураккаб ва низоми истеҳкомӣ будааст.
Ҳамин тавр, таснифи чоргонаи маҳалҳои сукунати Бутамон, ки аз ҷониби академик Юсуфшоҳ Яқубов пешниҳод шудааст, барои дарки сохтори шаҳрсозӣ, низоми истеҳкомӣ ва ҳаёти иҷтимоию иқтисодии аҳолии ин минтақа аҳаммияти муҳим дорад. Дижу кушкҳои истеҳкомӣ, деҳистонҳои хурди маскунӣ, маҳалҳои сукунати дорои сохтори мураккаб ва шаҳракҳо нишон медиҳанд, ки дар Бутамон низоми гуногуншакли ҷойгиршавии аҳолӣ ташаккул ёфта, ҳар як навъи сукунат вобаста ба вазифаи мудофиавӣ, хоҷагӣ ва иҷтимоии худ хусусиятҳои хос доштааст. Ин таснифот ҳамчунин шаҳодат медиҳад, ки Бутамон дар асрҳои миёна на танҳо минтақаи кӯҳистонии дорои деҳаҳои пароканда, балки сарзамини дорои низоми муташаккили маҳалҳои сукунатӣ ва сохтори муайяни иҷтимоию иқтисодӣ будааст. Маҷмуи маводди бостоншиносӣ ба муайян намудани тарзи зиндагӣ, фаъолияти хоҷагӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва равандҳои ташаккули маҳалҳои сукунати аҳолии Бутамон мусоидат мекунад.
Хулоса устод Юсуфшоҳ Яқубов умри пурбаракати хешро асосан ба омӯзиши ёдгориҳои бостонӣ ва гузаронидани ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар минтақаи кӯҳистонии Суғди қадим, бахшидаанд. Натиҷаи ин фаъолияти илмии пайваста дар осори сершумори ӯ инъикос ёфта, барои омӯзиши таърихи Бутамон, таърихи қадим ва асримиёнагии Суғд заминаи муҳимми илмӣ фароҳам овардааст.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки осори илмии академик Юсуфшоҳ Яқубов маҷмуи мукаммали таҳқиқотиро ташкил медиҳад, ки дар он болооби Зарафшон ҳамчун фазои ягонаи таърихию фарҳангӣ баррасӣ шуда, робитаи мутақобилаи омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаи ин минтақа нишон дода шудааст. Махсусан, таҳқиқоти ӯ оид ба Бутамон бо такя ба сарчашмаҳои хаттӣ ва маводи бостоншиносӣ барои муайян намудани ҳудуди таърихӣ, ҷуғрофиёи сиёсӣ, маҳалҳои сукунат, сохтори иҷтимоӣ ва тарзи ҳаёти аҳолии ин сарзамин аҳаммияти муҳим доранд.
Аз ин рӯ, осори академик Ю. Яқубов на танҳо дар омӯзиши фарҳанги моддӣ ва таърихи Суғди асримиёнагӣ, балки дар бозсозии равандҳои таърихию фарҳангии Бутамон ва Болооби Зарафшон низ арзиши баланди илмӣ доранд. Мероси илмии ӯ ҳамчун яке аз манбаъҳои муҳимми таҳқиқоти таърихию бостоншиносӣ барои омӯзиши таърихи тоҷикон ва тамаддуни Осиёи Марказӣ хизмат намуда, аҳаммияти назариявӣ ва методологии худро то имрӯз нигоҳ доштааст.
 
  1. Камол Ҳ. Кашофи асрори Бутамон. Проблемы археологии и истории Таджикистана. (К 80 летию со дня рождения академика Академии наук Республики Таджикистан Юсуфа Якубовича Якубова).- Душанбе: «Дониш». – 2017. С. 19-22
  2. Пирумшоев Ҳ. Равшангари таърихи кӯҳан. Проблемы археологии и истории Таджикистана. (К 80 летию со дня рождения академика Академии наук Республики Таджикистан Юсуфа Якубовича Якубова).- Душанбе: «Дониш». – 2017. С. 7-13
  3. Якубов Ю.Я. Раннесредневековые сельские поселения горного Согда. – Душанбе: Дониш, 1988. – 289 с.
 
 
Асомиддинзода Саидшо Сангалӣ –
мудири шуъбаи бостоншиносии
Институти таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.