RU
Рӯнамоии китоби “Таърихи халқи тоҷик” (Ҷилди панҷум. Китоби якум) дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
Имрӯз дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш маросими рӯнамоии китоби “Таърихи халқи тоҷик” (Ҷилди панҷум. Китоби якум; бо таҳрири умумии доктори илмҳои таърих, профессор Ҳамза Камол ва доктори илмҳои таърих Аҳмадхон Муродзода), ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” ба нашр расидааст, баргузор гардид.
Ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён ба ин маҳфил ҳусни оғоз бахшида, дар бораи аҳаммияти нашри ин китоб сухан кард. Аз ҷумла мавсуф зикр кард, ки ҷилди панљуми «Таърихи халқи тоҷик» (китоби якум, асрҳои III-IX) давраи ниҳоят муҳимми таърихи тоҷиконро фаро мегирад. Он рухдодҳои таърихиро аз замони таъсиси шоњаншоњии Сосониён, густариши марзҳои он ба ҷониби Шарқ, барқарории муносибот бо бохтариён, суғдиён, хоразмиён, фарғониён, таъсиси давлати Ҳайтолиён, ҳуҷуми аъроб ба Эрону Хуросони Бузург, дусад соли муборизаи хуросониён барои расидан ба истиқлол, оғози ташаккули халќи тољик ва забони он, замони таъсиси давлатҳои мустақили тоҷикон Тоҳириён ва Саффориён дар Хуросони Бузургро фаро мегирад. Бобҳо ва зербобҳои ин китоб аз рӯи план-проспекти дар Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав таҳиягардида муайян шуда, он мутобиқ бо консепсияи таърихнигории миллист. Дар идома ноиби президенти АМИТ афзалияти ин китобро аз аз асарҳои дар гузашта ба таъбрасида қайд карда, аз ходимони илмӣ, ки бо сарварии профессор Ҳамза Камол дар нашри чунин китоби арзишманд муваффақ шудаанд, сипосгузорӣ намуд.
Дар нигориши “Таърихи халқи тоҷик” (Ҷилди панҷум. Китоби якум) аз ҷониби муаллифон 289 сарчашмаи таърихӣ, 332 монографияи илмӣ, 283 мақолаи илмӣ, 132 адабиёт ба забонҳои англисӣ ва олмонӣ дар маҷмуъ 1038 адабиёт истифода шудааст. Бори нахуст дар таърихнигории миллӣ таърихи давлатҳои Тоҳириён ва Саффориён ба таври хеле густурда матраҳ мешавад, таърихи шоҳаншоҳии Сосониён, Бармакиён, хуруҷи Бобаки Хуррамдин (201-223 ҳ.қ / 816-838 дар замони хилофати Маъмун ва Муътасим) дар Озарбойгон, Арону Арманистон ва ғарби Хуросон, таърихи хонадонҳои қудратхоҳи маҳаллӣ дар шимолу ғарби Эрон: Оли Зиёр, Оли Барид, Оли Буя шомили таърихнигории миллӣ мегардад.
Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Аҳмадхон Муродзода, узви вобастаи АМИТ, сарходими илмии Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав – Ҳайдаршо Пирумшоев, мудири Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав – Ҳамза Камол, мудири Шуъбаи таърихи санъат – Аскаралӣ Раҷабов, мудири Шуъбаи мардумшиносӣ – Лариса Додхудоева, мудири шуъбаи таърихи илм ва техника – Абдувалӣ Шарифзода ва муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ Шамсуддин Муҳаммадиев аз ҷанбаҳои мухталифи масоили таърихии дар “Таърихи халқи тоҷик” (Ҷилди панҷум. Китоби якум) инъикосёфта сухан карда, нашри чунин асари академиро туҳфаи арзанда дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” маҳсуб донистанд.
