RU
МЕҲРГОН – ҶАШНИ АҶДОДИИ ТОҶИКОН
13-уми октябри соли 2026 дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ таҳти унвони “Меҳргон – ҷашни аҷдодии тоҷикон” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он олимону пажӯҳишгарони Институт иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабиниро директори Институт, доктори илмҳои таърих, дотсент Аҳмадхон Муродзода ифтитоҳ намуда, иштирокдорони мизи мудаввар ва кулли мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии ин ҷашни бузурги аҷдодӣ муборакбод гуфт.
Доктори илмҳои таърих, профессор Ҳамза Камол зимни суханронии худ зикр кард, ки “халқи мо аз замоне, ки худро шинохт, ду ҷашн барояш бисёр муҳим буд: яке ҷашни офариниш дар аввалҳои фасли поиз, яъне тирамоҳ, ки Меҳргон аст ва дигаре ҷашни растохези табиат – Наврӯз, ки дар оғози фасли баҳор баргузор мегардад. Дар тақвими авастоӣ сол ба ду бахш ё фасл тақсим мешуд: тобистони бузург ва зимистони бузург, ки Наврӯз ҷашни оғози фасли тобистони бузург ва Меҳргон ҷашни оғози зимистони бузург ба шумор мерафт. Меҳргон дар навбати худ ба ду ҷашн тақсим мешуд: Меҳргони хурдак (ё кӯчак), ки дар рӯзи 16-уми моҳи меҳр баргузор мешуд ва мутааллиқ ба хоссон буд ва Меҳргони бузург, ки дар рӯзи 21-уми моҳи меҳр барои ҳамагон баргузор мешуд. Меҳргон аз қадимтарин ҷаашнҳои мардуми ориёитабор аст, ки монанди Наврӯз дар дарозои таърих аз ҷониби аҷдоди мо гиромӣ дошта мешуд. Агар Наврӯз оғози баҳор ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи ҳамал аст, Меҳргон оғози нимаи дувуми сол ё фасли тирамоҳ, ҳулули Хуршед ба бурҷи мизон аст. Ин ду ҷашнро дар сачашмаҳои қадима ду қутби зиндагии мардум меҳисобанд”.
Мавсуф оид ба пайдоиши номи ин ҷашн ишора кард, ки он баргирифта аз вожаи “Меҳр” (шакли аввали он “Митра”) буда, номи яке аз бузургтарин эзадони ориёист. Ин ҷашнро дар аҳди бостон “Митроконо” мегуфтанд, ки баъдҳо бо номи “Меҳргон” маъруф гардид ва дар давраи баъд аз ислом онро “Меҳрҷон” гуфтанд. Ҳамчунин, доир ба таърихи пайдоиши ин ҷашн мутобиқи ахбор ва сарчашмаҳои таърихӣ, замон ва ҷанбаҳои ҷашнгирии он, мақоми он дар аҳди Сосониён ва давраи исломӣ маълумоти муфассал ироа гардид.
Доктори илмҳои таърих, профессор Хаёл Бобоев доир ба асосҳои илмӣ-астрономии ҷашни Меҳргон; номзади имлҳои таърих Мумина Шовалиева доир ба хусусиятҳои хосси ҷашни Меҳргон дар минтақаҳои Тоҷикистон ва академик Юсуфшоҳ Яъқубов доир ба эзади Меҳр ва иртиботи ҷашни Меҳргон бо он маърўзаҳои муфассал пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорон суолу посух ва мубодилаи афкор сурат гирифт.
