RU
ИДОМАИ ТАҲҚИҚОТИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ЁДГОРИИ ЗОЛИ ЗАРД
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи ҳамкории илмӣ бо Маркази миллии таҳқиқоти илмии Фаронса (CNRS) корҳои муштараки бостоншиносиро оид ба омӯзиш ва таҳқиқи ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ҳамкории мазкур ба тавсеаи таҳқиқоти саҳроӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси бостоншиносӣ ва таҳияи заминаи нави илмӣ барои бозсозии равандҳои таърихию фарҳангии минтақа равона шудааст.
Дар доираи татбиқи барномаи муштараки таҳқиқотӣ, аз 1 сентябри соли ҷорӣ гурӯҳи муштараки кормандони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муҳаққиқони Маркази миллии таҳқиқоти илмии Фаронса (CNRS) корҳои саҳроии бостоншиносиро дар ёдгории Золи Зард, воқеъ дар ноҳияи Данғара, идома дода истодаанд.
Тибқи нақшаи кории экспедитсия, дар марҳилаи кунунии таҳқиқот корҳои ҳафриётӣ дар чанд қитъаи асосии ёдгорӣ, аз ҷумла дар теппаи А, воқеъ дар қисмати шимолии қалъа, дар ду ҳандақ ва ҳамчунин дар минтақаи байни теппаҳои А ва Б анҷом дода мешаванд. Интихоби қитъаҳои мазкур ба зарурати омӯзиши сохтори дохилӣ ва меъмории ёдгорӣ, муайян намудани пайдарҳамии қабатҳои фарҳангӣ ва марҳилаҳои ташаккулу рушди он вобаста мебошад.
Яке аз ҳадафҳои асосии таҳқиқоти мавсими ҷорӣ муайян намудани хусусиятҳои меъморӣ ва сохтмонии ёдгорӣ, хронологияи қабатҳои бостоншиносӣ, марҳилаҳои фаъолияти аҳолӣ ва тағйироти фарҳангии дар давраҳои гуногун баамаломада мебошад. Дар баробари ин, омӯзиши маводи бостоншиносӣ, аз ҷумла бозёфтҳои сафолӣ, ашёи рӯзгор, олоти меҳнат ва дигар гурӯҳҳои осори моддӣ, барои муайян намудани хусусиятҳои фарҳангӣ ва робитаҳои таърихию фарҳангии аҳолии муқими ин минтақа аҳаммияти махсус дорад.
Дар раванди экспедитсия, дар баробари корҳои ҳафриётӣ дар Золи Зард, як қатор ёдгориҳои дигари бостоншиносии водии Данғара, аз ҷумла Мазори Мавлоно Тоҷиддин, Ёхсу, Ғиҷовак, Паркамчӣ ва Пушинг низ мавриди азназаргузаронӣ ва омӯзиши муқаддамотӣ қарор гирифтанд. Омӯзиши муқоисавии ин ёдгориҳо имкон медиҳад, ки хусусиятҳои хронологӣ, фарҳангӣ ва типологии онҳо дақиқтар муайян гардида, ҷойгоҳи ҳар кадом дар низоми умумии ёдгориҳои бостоншиносии водии Данғара арзёбӣ карда шавад.
Самти муҳими таҳқиқоти муштарак омӯзиши ёдгориҳои марбут ба давраи эллинистӣ ва марҳилаҳои баъдинаи таърихи Бохтар, аз ҷумла давраҳои юнонӣ, юнону-бохтарӣ ва кушонӣ мебошад. Дар ин замина, таҳқиқи шаҳрҳо, қалъаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва дигар марказҳои муҳими таърихии мансуб ба давраи асрҳои III то милод – III милодӣ имкон медиҳад, ки равандҳои ташаккул ва рушди сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа дар заминаи васеи таърихии Осиёи Марказӣ баррасӣ карда шаванд.
Ҳамзамон, яке аз масъалаҳои муҳими таҳқиқот омӯзиши робитаҳои таърихию фарҳангии Бохтар бо Суғд ва дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Таҳлили маводи бостоншиносӣ, муқоисаи хусусиятҳои меъморӣ, сафолгарӣ, ашёи рӯзгор ва дигар гурӯҳҳои бозёфтҳо метавонад барои муайян намудани самтҳои робитаҳои фарҳангӣ, ҳаракати ашё ва таъсири мутақобилаи фарҳангҳои минтақа дар давраҳои гуногуни таърихӣ маълумоти нав фароҳам оварад.
Идомаи таҳқиқоти бостоншиносӣ дар Золи Зард аз ҷиҳати муайян намудани ҷойгоҳ ва нақши ин ёдгорӣ дар низоми ёдгориҳои бостонии водии Данғара ва минтақаи таърихию фарҳангии Бохтар аҳаммияти хосса дорад. Натиҷаҳои ҳафриёт ва таҳлили илмии маводи бадастомада метавонанд барои равшан намудани масъалаҳои марбут ба таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа, инчунин барои муайян намудани хусусиятҳои рушди ҷомеаҳои маҳаллӣ дар давраи эллинистӣ ва кушонӣ заминаи нави илмӣ фароҳам созанд.
Дар маҷмуъ, таҳқиқи минбаъдаи Золи Зард ва ёдгориҳои ҳамзамони он ба ташаккули тасаввуроти мукаммалтар дар бораи равандҳои таърихию фарҳангии водии Данғара ва минтақаи Бохтар мусоидат хоҳад кард. Маводи бадастомада, дар сурати таҳлили комплексӣ ва муқоисавӣ, метавонад барои пурра намудани маълумоти мавҷуда оид ба таърихи бостонии Тоҷикистон, муайян намудани хусусиятҳои робитаҳои фарҳангии минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ ва муаррифии мероси бостоншиносии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ аҳаммияти илмии муҳим дошта бошад.
Асомиддинзода Саидшо Сангалӣ