RU
ТАҲҚИҚОТИ АСРИ САНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМКОРӢ БО ОЛИМОНИ ОСОРХОНАИ
НЕАНДЕРТАЛ (ОЛМОН)
НЕАНДЕРТАЛ (ОЛМОН)
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ бо муассисаҳои пешқадами илмӣ ва олимони хориҷӣ ба шумор меравад. Ин ҳамкориҳо ба рушди таҳқиқоти бостоншиносӣ, татбиқи усулҳои муосири илмӣ ва мубодилаи таҷрибаи касбӣ мусоидат намуда, барои омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар ин замина, тибқи Созишномаи ҳамкории илмӣ миёни Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Осорхонаи Неандертали Ҷумҳурии Федеративии Олмон экспедитсияи муштараки байналмилалии бостоншиносӣ оид ба омӯзиши ёдгориҳои асри санги Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз намуд.
Самти асосии таҳқиқоти саҳроӣ ба омӯзиши нишонаҳои зисти инсон дар давраи палеолити миёна равона гардидааст. Ин давра бо маданияти Мусте ва фаъолияти намояндагони навъи неандерталӣ (Homo neanderthalensis) алоқаманд буда, яке аз марҳилаҳои муҳимми ташаккули ҷомеаи ибтидоии инсон ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии таҳқиқот муайян намудани хусусиятҳои маскуншавӣ, муҳити зист, фаъолияти хоҷагидорӣ ва маданияти моддии аҳолии давраи палеолити миёна дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад.
Корҳои саҳроии бостоншиносӣ дар асоси Иҷозатномаи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№0017 аз 21 июли соли 2026) баргузор гардида, таҳқиқоти ёдгориҳои марбут ба бошишгоҳҳои неандерталиёнро дар ҳудуди ноҳияи Данғара дар бар мегиранд.
Барномаи илмии экспедитсия гузаронидани корҳои иктишофӣ ва ҷустуҷӯиро дар ғорҳои воқеъ дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара пешбинӣ менамояд. Ин таҳқиқот ба ошкорсозӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва омӯзиши осори зисти одамони давраи палеолити миёна, муайян намудани потенсиали бостоншиносии ғорҳо ва ҷамъоварии маводди нави илмӣ барои таҳқиқи таърихи қадимтарини маскуншавии инсон дар Тоҷикистон равона шудааст.
Дар ҳайати экспедитсияи муштараки бостоншиносӣ, дар баробари кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Т.У. Хуҷагелдиев, А.Ф. Шарипов ва ронанда Ғ.Қ. Бурҳонов), инчунин олимони Осорхонаи Неандертали Ҷумҳурии Федеративии Олмон низ иштирок доранд. Аз ҷумла, роҳбари гурӯҳи таҳқиқотӣ доктор Элҳам Гасидиан, доктор, профессор Сомон Гуран ва палеонтолог, профессори Институти бостоншиносии қадими Донишгоҳи шаҳри Кёлн Надин Нолде ба ҳайати экспедитсия шомил мебошанд. Иштироки мутахассисони варзидаи байналмилалӣ барои татбиқи усулҳои муосири таҳқиқот ва баланд бардоштани сифати натиҷаҳои илмӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Корҳои саҳроии экспедитсия аз омӯзиши яке аз ғорҳои дар масофаи тақрибан 0,7 км шимолу ғарбии деҳаи Алиҷон ҷойгирбуда оғоз гардид. Ғор дар баландии тахминан 150 метр нисбат ба сатҳи маҳал ҷойгир буда, даромадгоҳи он тақрибан 13 метр паҳноӣ, 3 метр баландӣ ва то 15 метр умқ дорад.
Таваҷҷуҳи муҳаққиқон ба ин ғор пас аз дарёфти чанд адад бозёфти сангӣ дар нишебии теппаи зардхокии назди он ҷалб гардид. Бо мақсади муайян намудани таркиби қабатҳои маданӣ ва арзёбии имконияти бостоншиносии ёдгорӣ, дар дохили ғор ва майдони пеши он ҳандақҳои озмоишӣ гузаронида шуданд. Натиҷаҳои ибтидоии таҳқиқот нишон медиҳанд, ки дар ин ҳандақҳо то имрӯз қабатҳои мадании мансуб ба давраи асрҳои миёна муайян гардидаанд. Бо вуҷуди ин, корҳои таҳқиқотӣ идома дошта, имкони ошкор гардидани қабатҳои қадимтар дар ҷараёни ҳафриёти минбаъда истисно намегардад.
Бо мақсади муайян намудани мавзеъҳои эҳтимолии зисти инсон дар давраи палеолит, дар атрофи деҳаи Алиҷон корҳои иктишофӣ ва ҷустуҷӯии бостоншиносӣ гузаронида шуданд. Дар ҷараёни таҳқиқот, аз маҳалли Шамолдара маҷмӯи бозёфтҳои сангӣ аз рӯйи замин ҷамъоварӣ гардид, ки ба онҳо парахаҳо, абзорҳои меҳнатии навъи ҳарошак, шикастпораҳо ва тахтачасангҳои хеле хурд дохил мешаванд.
Ҳангоми омӯзиши нишебии қисми болоии теппаи зардхокӣ қабати хокии сурхтоб ошкор гардид, ки аз он як қатор бозёфтҳои сангӣ ба даст оварда шуданд. Хусусияти бозёфтҳо ва мавқеи стратиграфии онҳо аз мавҷудияти осори фаъолияти инсон дар ин мавзеъ шаҳодат дода, зарурати анҷом додани таҳқиқоти муфассалро тақвият мебахшанд.
Кашфи маводди нави бостоншиносӣ дар маҳалли Шамолдара барои омӯзиши асри санги Тоҷикистон, махсусан таърихи маскуншавии инсон дар ҷануби кишвар, аҳаммияти муҳимми илмӣ дорад. Аз ин рӯ, дар доираи фаъолияти экспедитсияи муштарак баргузории боздиди такрорӣ, иктишофи васеъмиқёс ва анҷом додани таҳқиқоти ҳамаҷонибаи бостоншиносӣ дар ин мавзеъ ба нақша гирифта шудааст.
Корҳои асосии экспедитсияи муштараки бостоншиносӣ дар ғори маскунии Оғзикичик, ки дар наздикии деҳаи Шар-Шар ҷойгир аст, анҷом дода мешаванд. Таҳқиқоти имсола идомаи корҳои бостоншиносие мебошад, ки солҳои 1971–1977 таҳти роҳбарии бостоншиноси маъруф В.А. Ранов дар ин ёдгорӣ гузаронида шуда буданд. Ҳадафи асосии таҳқиқоти нав омӯзиши дубораи қабатҳои мадании ғор бо истифода аз усулҳои муосири таҳқиқоти бостоншиносӣ ва табиатшиносӣ, инчунин дақиқ намудани синну сол ва хусусиятҳои мадании ин ёдгории нодир мебошад.
Ғори маскунии Оғзикичик яке аз муҳимтарин ёдгориҳои давраи палеолити миёна дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дар натиҷаи ҳафриётҳои пешин аз он маҷмӯи бузурги олотҳои сангии меҳнатӣ ба даст омадааст, ки аксари онҳо ба фарҳанги Мусте мансуб мебошанд. Ин фарҳанг бо фаъолияти одамони навъи неандерталӣ (Homo neanderthalensis) алоқаманд буда, яке аз марҳилаҳои муҳими рушди ҷомеаи ибтидоӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Масъалаи муайян намудани синну соли ёдгорӣ низ аҳаммияти махсуси илмӣ дорад. Тибқи натиҷаҳои аввалини санагузории радиокарбонӣ (¹⁴C), синну соли қабати фарҳангии ғор тақрибан 38 ҳазор сол муайян гардида буд. Аммо таҳлилҳои минбаъдаи намунаҳои хок, ки соли 1997 бо усули радиотермолюминессентӣ анҷом дода шуданд, нишон доданд, ки таърихи ташаккули қабатҳои фарҳангии ёдгорӣ хеле қадимтар буда, ба давраи тақрибан 87–134 ҳазор сол пеш рост меояд. Ин натиҷаҳо Оғзикичикро ба қатори қадимтарин ёдгориҳои давраи палеолити миёнаи Осиёи Марказӣ дохил намуда, аҳаммияти онро барои омӯзиши таърихи маскуншавии инсон ва паҳншавии маданияти Мустеӣ дар минтақа боз ҳам бештар менамоянд.
Дар мавсими саҳроии соли 2026 барои гузаронидани корҳои ҳафриётӣ дар ғори маскунии Оғзикичик қисми боқимондаи қабати маданӣ, ки дар ҷануби даромадгоҳи ғор ҷойгир аст, ҳамчун қитъаи асосии таҳқиқот интихоб гардид. Бо мақсади таъмин намудани дақиқии баланди маълумоти стратиграфӣ ва ҳифзи мавқеи аслии бозёфтҳо, ҳафриёт дар масоҳати маҳдуд, вале бо истифода аз усулҳои муосири таҳқиқоти бостоншиносӣ анҷом дода мешавад. Кофтуков ба таври қабат ба қабат бо ғафсии 2–3 см дар мураббаъҳои алоҳида сурат гирифта, тамоми хоки аз ҳафриёт ҳосилшуда аз ғалбер гузаронида ва баъдан шуста мешавад. Ин усул имконият медиҳад, ки ҳатто хурдтарин бозёфтҳои сангӣ, устухонӣ ва дигар маводи бостоншиносӣ ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шаванд.
Натиҷаҳои ибтидоии ҳафриёт аз аҳаммияти баланди илмии ёдгорӣ шаҳодат медиҳанд. То имрӯз аз қабатҳои маданӣ нуклеусҳо, нӯгтезҳо, парахаҳо ва шикастпораҳои сангӣ ба даст омадаанд, ки хусусиятҳои технологии онҳо ба маҷмӯи саноати сангии маданияти Мустеӣ мувофиқат мекунанд. Дар баробари бозёфтҳои сангӣ, миқдори зиёди боқимондаҳои устухонии ҳайвонот низ ошкор гардиданд. Таҳлили пешакии онҳо нишон медиҳад, ки неандерталиён асосан гӯсфандҳои ваҳшӣ, бузҳои кӯҳӣ ва аспҳоро шикор мекарданд. Ҳамзамон, қисми назарраси маводди остеологиро боқимондаҳои сангпушти осиёимиёнагӣ (Testudo horsfieldii) ташкил медиҳанд, ки онҳо метавонанд барои бозсозии муҳити табиӣ ва тарзи зиндагии аҳолии палеолити миёна маълумоти арзишманд пешниҳод намоянд.
Дар доираи барномаи таҳқиқоти минбаъда гирифтани намунаҳои хок барои муайян намудани синну соли қабатҳои маданӣ бо истифода аз усули люминессенсияи ангезонидашудаи оптикӣ (OSL) ба нақша гирифта шудааст. Истифодаи ин усули муосири санагузорӣ имкон медиҳад, ки давраи ташаккули таҳнишастҳои ғор ва таърихи маскуншавии инсон дар Оғзикичик бо дақиқии бештар муайян карда шавад.
Ҳамзамон, экспедитсия омӯзиши ғорҳои навкашфшудаи воқеъ дар ҳудуди деҳаҳои Пушинг ва Шар-Шарро идома медиҳад. Ҳадафи асосии ин таҳқиқот ошкор намудани далелҳои нави зисти неандерталиён, муайян намудани мавзеъҳои нави палеолитӣ ва тавсеаи тасаввуроти илмӣ оид ба паҳншавии аҳолии давраи палеолити миёна дар ҷануби Тоҷикистон мебошад. Натиҷаҳои ин таҳқиқот метавонанд барои бозсозии таърихи қадимтарини маскуншавии инсон дар минтақа ва муайян намудани ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми ёдгориҳои палеолити Осиёи Марказӣ аҳаммияти назарраси илмӣ дошта бошанд.
Хуҷагелдиев Т.У., сардори экспедитсия бостоншиносӣ,
Шарипов А.Ф., ходими хурди илмӣ
