RU
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ ФАРҲАНГУ ҲУНАР ДАР ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, балки пояи устувори рушди давлатдорӣ, ҷомеа ва фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Таҷрибаи солҳои истиқлол нишон медиҳад, ки маҳз дар фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ имкониятҳои воқеӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди фарҳангу ҳунар фароҳам гардидаанд. Фарҳанг ҳамчун оинаи руҳи миллат дар чунин шароит на танҳо рушд мекунад, балки ба воситаи муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ табдил меёбад.
Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ (санаи 16-уми декабри соли 2025) таъкид мегардад, ки «бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон нақши бисёр муҳим дорад». Ин андеша моҳияти робитаи мустақими таърих, фарҳанг ва Ваҳдати миллиро равшан месозад. Ҷомеае, ки таърихи худро медонад ва аз мероси фарҳангии худ ифтихор мекунад, устувории иҷтимоӣ ва ваҳдати амиқтар дорад. Аз ин рӯ, дар сиёсати фарҳангии давлат тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҷойгоҳи марказиро ишғол мекунад.
Дар даврони Истиқлол, бо дастгирии давлат, инфрасохтори фарҳангӣ ба таври бесобиқа рушд ёфт. Дар Паём зикр шудааст, ки «дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳанг сохта, ба истифода дода шуд ва 350 иншооти дигар таъмиру азнавсозӣ гардид». Ин рақамҳо танҳо нишондиҳандаи сохтмон нестанд, балки далели равшани онанд, ки фарҳанг дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дорад. Ҳар як театр, китобхона ё қасри фарҳанг дар асл як мактаби тарбияи маънавии ҷомеа мебошад.
Яке аз намунаҳои барҷастаи ин раванд бунёди Театри миллии Тоҷикистон мебошад. Оғози сохтмони он дар соли 2015 бо иштироки Пешвои миллат сурат гирифта, иншоот ҳамчун яке аз марказҳои муҳимми фарҳангии оянда тарҳрезӣ шудааст. Тибқи маълумоти расмӣ, бино аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, дорои толори асосии бо 2500 ҷойи нишаст ва ду толори калони дигар мебошад. Ҳадафи асосии чунин иншоот на танҳо баргузории чорабиниҳо, балки баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ ва завқи эстетикии ҷомеа мебошад.
Дар ин замина, мавқеи театр ҳамчун воситаи таъсиргузори тарбияи маънавӣ махсус таъкид мегардад. Ҳанӯз соли 2014 зимни Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави театри таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» иброз дошта буданд, ки «театр, ки воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон маҳсуб меёбад, дар тарбияи насли солиму бомаърифат нақши муҳим ва арзишманд дорад». Воқеан, театр бо забони образ ва эҳсосот ба шуури инсон таъсир мерасонад ва метавонад арзишҳои миллӣ, инсондӯстӣ ва ватандӯстиро ба таври амиқ ташаккул диҳад.
Намунаи дигари эҳёи фарҳангӣ Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» мебошад, ки аз бинои собиқи кинотеатр барқарор гардида, ба як маркази эҷодии ҷавонон табдил ёфтааст.
Дар баробари ин, давлат ба рушди фарҳанг ҳамчун омили муҳимми ҳувияти миллӣ муносибат мекунад, зеро Пешвои миллат дар Паёми худ (ҳанӯз соли 2024) таъкид таъкид карда буданд, ки «фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад». Ин андеша аҳаммияти стратегӣ дорад, зеро дар ҷаҳони муосир раванди глобализатсия метавонад ба арзишҳои миллӣ таъсири ҷиддӣ расонад. Танҳо фарҳанги устувор метавонад ҷомеаро аз таъсири манфии беруна ҳифз намояд.
Метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ заминаи асосии рушди фарҳангу ҳунар дар Тоҷикистон мебошад. Аз як тараф, сулҳу субот имконият дод, ки инфрасохтори фарҳангӣ ба таври васеъ рушд кунад; аз ҷониби дигар, худи фарҳанг ба воситаи таҳкими худшиносӣ ва арзишҳои миллӣ ба устувории ваҳдат мусоидат мекунад. Ин ду раванд ба ҳамдигар вобаста буда, якдигарро тақвият медиҳанд.
Хулоса, фарҳангу ҳунар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол на танҳо соҳаи эҷодӣ, балки ҷузъи муҳимми сиёсати давлатӣ ва омили муҳимми таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад. Рушди театрҳо, эҳёи анъанаҳои ҳунарӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ кафолати он аст, ки фарҳанги миллӣ ҳамчун сарвати бебаҳо барои наслҳои оянда ҳифз хоҳад шуд.
 
Аксҳо ва иқтибосҳо аз сомонаи https://www.president.tj/
 
Р. УМАРЗОДА,
ходими хурди илмии шуъбаи таърихи санъати
Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи А. Дониш