RU
АКАШАРИФ ҶӮРА ВА МАСОИЛИ МУБРАМИ ЭҶОДИЁТИ ШЕЪРӢ - МУСИҚИИ ТОҶИК: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 19-уми июни соли 2026 бахшида ба 130-умин соли гиромидошти устоди мусиқии тоҷик Акашариф Ҷӯра (1896–1966) Конференсияи байналмилалии илмии «Акашариф Ҷӯра ва масоили мубрами эҷодиёти шеърӣ - мусиқии тоҷик: дирӯз ва имрӯз»-ро баргузор менамояд.
Дар конфронси мазкур, ки бо иштироки мусиқишиносони тоҷик ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Фаронса баргузор мешавад, масъалаҳои муҳимми назарияи мусиқии касбии миллӣ, аз ҷумла нигоҳи нав ба арзишҳои эҷодию иҷроии шеърӣ-мусиқии тоҷикон; шигифтангезӣ- генезиси бадеӣ- эстетикӣ дар эҷодиёти устодона ва мардумӣ, ҳавзаҳои эҷодию иҷроии мусиқӣ, сабк, равияҳои устодона ва мардумӣ (тавъамии анъана дар эҷодиёти мусиқии мардумӣ), нақши марказҳои таърихӣ, фарҳангӣ,мактабҳо дар пешрафти мероси шеърӣ- мусиқӣ, жанр , шакл, сабкҳои эҷодию иҷроӣ, суннат ва меросбарӣ дар эҷодиёти иҷроии мусиқӣ , сароянда- мутриб, мутриб - сароянда, суннати таърихии устод - шогирд, омӯзиши мероси фарҳанги шеърӣ-мусиқӣ, бозтоби арзишҳои бостонии иҷроӣ ва идомати нави он дар эҷодиёти мардумии мусиқӣ, саҳми олимон дар шинохти мероси фарҳанги шеърӣ- мусиқӣ, мавқеи устодони ҳунарманд дар рангомезии сабк, равияҳои эҷодию иҷроӣ, нақши он дар ташаккули ҳавзаҳои иҷроии устодона, мардумӣ ва решапайвандии он ба анъанҳои эҷодии марказшаҳрҳои таърихии тоҷик дар рӯи саҳна овардани симоҳои нави эҷодию иҷроии мусиқӣ, ташаккули аввалин дастаҳои касбӣ, худфаъоли эҷодию иҷроии мусиқӣ, саҳм ва фаъолияти ҳунарии эҷодкорону иҷрогарони солҳои 20-60 садаи ХХ дар ва рушди мероси мусиқии касбию мардумӣ, ташаккули типи нави дастаҳои эҷодию иҷроии мусиқӣ, дастаҳои ҳунарии тарона ва рақсӣ дар Тоҷикистон, фазомандию рангомезӣ, пурвусъатии эҷодиёти мусиқии садаи ХХ ва вазъи имрӯзии он, Акашариф Ҷӯра (1896-1966) – устоди камназири мусиқии мардумӣ, ташаккул ва заминаҳои омӯзишӣ, оғози фаъолияти эҷодию иҷроӣ, фаъолияти ташкилию ҳунарӣ дар дастаҳои худфаъоли Рашту Қурғонтеппа, андӯхтани мероси мусиқии мардумӣ, иштирок дар ҳамоишҳои эҷодиёти мусиқии мардумӣ, ташкил ва кори эҷодӣ дар дастаҳои мусиқии Хонаи Радиои тоҷик,филармония, ҳамкории эҷодӣ бо донандагону иҷрогарон, меросбарони эҷодиёти мусиқӣ Саидхони Ҳисорӣ, Қорӣ Саид, Чол Сулама, Абдумаҷид Ҳомид,Маъруфхоҷа Баҳодур, Аҳмадулло Абдулло, Муҳиддин Мавлон, Муҳаммадҷон Мӯъмин,Нурулло Ниёз ва устодони мусиқии касбӣ Бобоқул Файзулло, Шоҳназар Соҳиб, Фазлиддин Шаҳоб, Зиёдулло Шаҳидӣ, Шариф Бобокалонов ва дигарон, фаъолияти пурбори эҷодии Акашариф Ҷӯра чун роҳбари дастаи тарона ва рақс (Филармонияи давлатии Тоҷикистон), саҳми ӯ дар тарғиби мероси фарҳанги мусиқии тоҷик, иштирок дар даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик, сафарҳои ҳунарӣ, асолати ҳунари эҷодию иҷроии Акашариф Ҷӯра ва ҷойгоҳи он дар фарҳанги мусиқии садаи ХХ-и тоҷик ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ, таҳлил ва муҳокима қарор хоҳанлд гирифт.
Замони баргузории конфронс: 19 июн, соати 9-00.
Макон: толори Маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, хиёбони Рӯдакӣ, 33.