RU
Конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Имрӯз (09.04.2026) бахшида ба рӯзи илм конференсияи ҷумҳуриявии дар ВМКБ бо иштироки васеи олимон баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш мудири шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, доктори илмҳои таърих Абдурашидов Фозил иштирок намуда, бо маърӯза дар мавзӯи «Таърихнигории таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол» баромад кард. Дар маърӯза масъалаҳои асосии омӯзиш ва таҳқиқи таърихи даврони истиқлол мавриди таҳлили амиқи илмӣ қарор дода шуданд. Ҳамзамон, мавсуф ба аҳамияти истифодаи сарчашмаҳои муътамад, таҳкими заминаҳои назариявию методологии таҳқиқот ва равишҳои муосири таърихнигорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Баромади ӯ аз ҷониби иштирокчиён бо таваҷҷуҳи хос пазируфта шуда, ба ғанӣ гардидани муҳтавои илмии конференсия ва густариши мубодилаи афкори илмӣ мусоидат намуд.