RU

  Саҳми олимони ҷавон дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик

 9 апрели соли 2026 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Саҳми олимони ҷавон дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик» баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии дастовардҳои илмии олимони ҷавон, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот ва табодули таҷрибаи илмӣ дар самтҳои гуногуни таърих, бостоншиносӣ ва антропологӣ буд.
Семинарро директори Институт, доктори илмҳои таърих Муродзода А. А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳаммияти рушди илм, нақши олимони ҷавон дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ва зарурати ҷалби онҳо ба корҳои илмиро таъкид намуд.
Дар идомаи семинар  олимони ҷавони Институт, аз ҷумла Пӯлотов А. дар мавзуи «Нақши гули лола дар деворнигораҳои Панҷакенти қадим», Наврӯзбеков М. дар мавзуи «Маводи нави антропологӣ аз таҳгӯрхонаи ёдгории Искодар», Азизуллозода М. Ҳ., дар мавзуи «Академик Е. Н. Павловский – асосгузори АМИТ», Раҷабова У. дар мавзуи «Сарчашмаҳои ҳуқуқии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол», Мирзошарифзода Ҳ. М. дар мавзуи «Бозтоби марҳилаҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 20-уми асри ХХ-и Тоҷикистон дар осори Мулло Эркаев», Ахмедов Ҳ. дар мавзуи «Коркарди ранг тибқи “Баёну-с-синоот”-и Ҳубайши Тифлисӣ» маърӯза намуданд баромад намуданд.
Дар фарҷоми семинар миёни иштирокчиён мубоҳисаҳои судманд доир гардида, аҳаммияти таҳқиқоти минбаъдаи илмӣ, махсусан саҳми олимони ҷавон дар рушди илми таърих таъкид карда шуд. Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва рушди мактаби илмии миллӣ нақши муҳим доранд.