Аз 11 июли соли 2025 бори нахуст  дар теппачае дар  деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг дар соҳили рости дарёи Оби Мазор бо иштироки кормандони шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ - Т. Хуҷагелдиев (роҳбари гурӯҳ), А. Шарипов, Ф. Шоинбеков, И. Ашурмадов, Ғ. Бурҳонов корҳои бостоншиносӣ рафта истодааст. Айни ҳол аз  ин ёдгорӣ таҳкурсии сангии бино,  сафолпораҳо ва 1 адад сиккаи асримиёнагӣ ёфт шудааст. Эҳтимол меравад, ки ин бино, бинои мудофиавӣ, қалъача, қалъачаи огоҳкунанда ва  ё ягон бинои муҳими ҷамъиятӣ ё ҳарбӣ будааст.
   Муҳимтар аз ҳама он аст, ки таҳкурсии ин бино бо паҳноии 2 метр сохта шуда, мислаш камназиир аст.
   Сиккаи ёфтшуда бошад, бо сабаби солҳои тулонӣ зери хок монданаш, навиштаҷотҳояш номаълум монда, барои тозакунӣ ба озмоишгоҳи Институт фиристода шуд.
   Ковишҳои бостоншиносӣ ва таҳқиқи бозёфтҳои аз ин ёдгорӣ аз асримиёнагӣ будани ин ёдгорӣ шаҳодат медиҳанд. Аммо барои пурра муайян кардани онҳо таҳқиқот идома дорад. Ғайр аз ин, дар хусуси номи дақиқи ин ёдгорӣ чизе гуфтан барвақт аст, зеро муҳққиқон бар он назаранд, ки пас аз дақиқ муайн намудани шакл ва тарҳӣ ёдгорӣ ба он номи муносиб гузоранд.
   Марҳилаи аввали корҳои бостоншиносӣ дар ин ёдгорӣ то 4 августи соли ҷорӣ идома меёбад.