RU
БОЗДИДИ КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТ БА ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
24-уми феврали соли ҷорӣ ҳайати кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Зимни боздид кормандони институт бо толорҳои намоишӣ, бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, мероси таърихиву фарҳангӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ шинос гардиданд. Ин иқдом дар доираи таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва осорхонаҳо сурат гирифт.