RU
МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ГУРӮҲИ БОСТОНШИНОСОНИ ХОРИҶӢ
ДУШАНБЕ. 9 октябр. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Аз гузашта ба оянда: 25 соли ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон” мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо гурӯҳи бостоншиносон аз кишварҳои Фаронса, Италия, Москва баргузора гардид.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доир ба фаъолияти муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти омӯзиши таъриху тамаддуни тоҷикон, таҳқиқи ёдгориҳои бостонӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ сухан гуфта, густариши ҳамкориҳои илмиро бо бостоншиносони хориҷӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки таҳқиқоти бостоншиносӣ дар шинохти марҳалаҳои ташаккули тамаддун, омӯзиши тарзи зиндагии мардумони қадим ва муайян намудани робитаҳои фарҳангии халқҳо нақши муҳим дорад. Дар ин замина, ҳамкории олимони тоҷик бо муҳаққиқони хориҷӣ барои табодули таҷриба, истифодаи усулҳои муосири таҳқиқот ва омӯзиши амиқи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки имрӯз бо шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиш, ҳифз ва барқарорсозии мавзеъҳои бостонӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Таваҷҷуҳи пайваста ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои густариши таҳқиқоти илмӣ, ҳифзи осори арзишманди ниёгон ва муаррифии мероси тамаддунии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Қайд гардид, ки сарзамини Тоҷикистон дар тӯли таърихи чандинҳазорсола яке аз марказҳои ташаккул ва рушди тамаддун буда, мероси ғании таърихию фарҳангии он аз саҳми ниёгони тоҷикон дар пешрафти фарҳанги башарӣ шаҳодат медиҳад. Шаҳрҳои қадима, шаҳракҳо, қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои бостонӣ бозгӯйи анъанаҳои давлатдорӣ, шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва робитаҳои фарҳангию тиҷоратии сокинони ин сарзамин мебошанд. Омӯзиши ҳамаҷонибаи ин осор барои равшан намудани саҳифаҳои таърих, шинохти дастовардҳои тамаддунии ниёгон ва муайян кардани ҷойгоҳи онҳо дар таърихи минтақа аҳаммияти махсус дорад.
Бояд гуфт, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишвар тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд. Дар ин замина, мавзеи бостонии Кӯлдараи ноҳияи Ховалинг, ки тибқи арзёбиҳои бостоншиносон таърихи тақрибан як миллионсола дорад, дар ҳайати маҷмааи «Мавзеъҳои қадимаи таърихӣ ва табиии Кӯлдара, Лоҳутӣ, Оби Мазор ва Хонақоҳ» ба Рӯйхати пешакии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст.
Зикр гардид, ки дар ин минтақа ва дигар гӯшаҳои кишвар мавзеъҳои бостоние мавҷуданд, ки ҳанӯз кашф ё ба таври ҳамаҷониба таҳқиқ нашудаанд. Аз ин рӯ, густариши корҳои ҷустуҷӯӣ ва таҳқиқоти бостоншиносӣ, ташкили экспедитсияҳои муштарак бо иштироки олимони тоҷик ва мутахассисони хориҷӣ, инчунин истифодаи усулҳои муосири омӯзиш барои муайян ва таҳқиқ намудани чунин мавзеъҳо аҳаммияти махсус дорад. Ҳамкориҳо дар ин самт метавонанд ба ошкор гардидани осори нави таърихӣ, такмили маълумоти илмӣ оид ба гузаштаи сарзамини Тоҷикистон ва ҳифзу муаррифии мероси арзишманди ниёгон мусоидат намоянд.
Дар идомаи мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои илмӣ, баргузории экспедитсияҳои муштараки бостоншиносӣ, омӯзишу ҳифзи бозёфтҳо ва омода намудани мутахассисони ҷавон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, аҳаммияти табодули маълумоти илмӣ ва муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот тавассути нашрияҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ таъкид гардид.