RU
ТАШАББУСЕ БАРОИ ОЯНДАИ БАШАРИЯТ
“Сулҳро танҳо ба даст овардан кофӣ нест, онро бояд ҳар рӯз ҳифз ва таҳким бахшид”. Ин ҳақиқати сиёсӣ имрӯз беш аз ҳар замони дигар аҳаммият пайдо кардааст. Дар ҳоле ки ҷаҳон бо афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои гуманитарӣ, таҳдидҳои терроризм, муҳоҷирати иҷборӣ ва рақобатҳои геополитикӣ рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи таҳкими сулҳ ба яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Дар чунин шароит қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)”, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, аҳаммияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии вижа дорад. Ин санад бори дигар нишон медиҳад, ки сулҳ танҳо мавзуи дохилии як давлат нест, балки арзиши умумибашарӣ мебошад.
Асоси ҳуқуқии ин қатънома аз Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид сарчашма мегирад. Ҳанӯз дар муқаддимаи Оиннома давлатҳои муассис ҳадафи асосии худро «наҷот додани наслҳои оянда аз офати ҷанг» эълон намуда буданд. Бо вуҷуди пешрафти илму техника ва рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, инсоният ҳанӯз натавонистааст аз хатари ҷангҳо ва низоъҳо пурра раҳо шавад. Ҳамин воқеият зарурати таҳкими фарҳанги сулҳро беш аз пеш ба миён овардааст. Даҳсолаи байналмилалӣ аз он ҷиҳат аҳаммияти хос дорад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро аз вокуниш ба ҷанг ба пешгирии он равона месозад. Дар сиёсати муосири байналмилалӣ мафҳуми “фарҳанги сулҳ” тадриҷан ҷойи мафҳуми “тавозуни неру”-ро мегирад. Таҷрибаи чанд даҳсолаи охир нишон дод, ки силоҳ наметавонад кафили сулҳи пойдор бошад. Баръакс, танҳо муколама, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамкории созанда ва эътимоди мутақобил метавонанд заминаи суботи дарозмуддатро таъмин намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди чунин ташаббус заминаи воқеии таърихӣ дорад. Мардуми тоҷик дар солҳои навадуми асри гузашта ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, арзиши сулҳро бо ранҷу талафоти бузург дарк карданд. Барқарор гардидани сулҳу Ваҳдати миллӣ на танҳо давлатдории навини тоҷиконро ҳифз намуд, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҳатто мушкилтарин ихтилофҳоро метавон тавассути гуфтушунид ва оштӣ ҳал кард. Аз ин рӯ, ташаббуси мазкур танҳо пешниҳоди сиёсӣ нест, балки натиҷаи таҷрибаи воқеии сулҳсозист. Дар даҳсолаҳои охир Тоҷикистон борҳо дар Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳодҳои фарогири байналмилалӣ баромад кардааст. Агар ташаббусҳои вобаста ба об ва ҳифзи пиряхҳо ба амнияти экологӣ нигаронида шуда бошанд, пас Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба муҳимтарин масъалаи амнияти сиёсӣ ва иҷтимоии инсоният дахл дорад. Ин пайдарпайӣ нишон медиҳад, ки дипломатияи Тоҷикистон бештар ба масъалаҳое равона шудааст, ки аҳаммияти умумибашарӣ доранд.
Қатънома на танҳо давлатҳоро, балки созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммаро низ ба ҳамкорӣ даъват менамояд. Ин нишон медиҳад, ки сулҳ танҳо бо фаъолияти сиёсатмадорон таъмин намегардад. Сулҳ аз оила оғоз мешавад, дар мактаб ташаккул меёбад, дар донишгоҳ таҳким меёбад ва тавассути фарҳанг, илм ва маърифат пойдор мемонад. Яке аз ҷанбаҳои муҳимми қатънома таваҷҷуҳ ба ҳамбастагии байни наслҳо мебошад. Имрӯз инсоният на танҳо барои зиндагии худ, балки барои ояндаи фарзандон ва наберагони худ низ масъул аст. Ҳар ҷанге, ки имрӯз оғоз мешавад, оқибатҳои он даҳсолаҳо боқӣ мемонад. Баръакс, ҳар иқдоми сулҳомез метавонад барои чандин насл муҳити амну созанда фароҳам оварад.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар қатънома аз таҳаввулоти мусбати солҳои охир дар Осиёи Марказӣ низ истиқбол шудааст. Ҳалли масъалаҳои марзӣ ва густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳои минтақа собит сохт, ки ҳатто масъалаҳои печидаи сиёсиро метавон тавассути музокирот ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ҳал намуд. Ин таҷриба имрӯз метавонад барои бисёр минтақаҳои ноороми ҷаҳон намунаи арзишманд бошад.
Дар шароити кунунӣ ҷомеаи илмӣ низ масъулияти бузург дорад. Олимон, файласуфон, сиёсатшиносон ва ҳуқуқшиносон бояд масъалаи сулҳро танҳо ҳамчун мавзуи сиёсӣ не, балки ҳамчун арзиши тамаддунӣ таҳқиқ намоянд. Зеро сулҳ танҳо набудани ҷанг нест; сулҳ адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон, рушди устувор, имконияти баробар ва ҳамзистии осоиштаи миллатҳо мебошад.
Қабули Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тадриҷан ба дарки амиқтари масъулияти худ дар назди наслҳои оянда мерасад. Ин санад давлатҳоро ба амал, ҷомеаҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳар як инсонро ба эҳтироми арзишҳои сулҳ даъват мекунад. Имрӯз, ки инсоният дар яке аз ҳассостарин марҳалаҳои таърихи худ қарор дорад, ҳар иқдоме, ки ба таҳкими сулҳ ва пешгирии низоъҳо мусоидат мекунад, аҳаммияти таърихӣ пайдо менамояд. Аз ин нигоҳ, “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ” на танҳо як санади Созмони Милали Муттаҳид, балки даъвати виҷдони башарият барои ҳифзи ояндаи инсон аст.
 
Р. Умарзода,
ходими хурди илмии
шуъбаи таърихи санъат