RU
ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ ВА ТАСАЛИЯТ
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бинобар даргузашти сарходими илмии Институт, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳотамов Намоз Басарович, сахт андӯҳгин мебошад.
Роҳбарият ва ҳайати кормандони Институт ба аҳли оила, пайвандон ва наздикони марҳум ҳамдардии амиқ ва самимии худро изҳор намуда, дар ин рӯзҳои сангини ғаму андӯҳ ба онҳо аз сабри ҷамил орзу менамоянд. Аз даргоҳи Худованди мутаъол барои марҳум раҳмату мағфират ва ҷаннати фирдвс хоҳонем.
Рӯҳашон шод, манзили охираташон обод ва ҷаннати фирдавс насибашон бод.
ҲОТАМОВ НАМОЗ БАСАРОВИЧ
Ҳотамов Намоз Басарович 1 сентябри соли 1946 дар деҳаи Шоботии ноҳияи Пешкуҳи вилояти Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ таърихшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои таърих (1991), профессор (1994) буда, аз зумраи муҳаққиқони варзидаи таърихи Осиёи Марказӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таърихи Бухоро ба шумор меравад.
Соли 1967 шуъбаи таърихи факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намуда, ҳамон сол ба аспирантураи кафедраи таърихи ИҶШС қабул гардид. Солҳои 1969–1970 хизмати ҳарбиро адо намуда, баъди анҷоми он таҳсилро дар аспирантура идома дод.
Фаъолияти омӯзгории худро соли 1971 оғоз намуда, то соли 1974 ассистент, солҳои 1974–1976 муаллими калон ва солҳои 1976–1980 иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Соли 1974 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Инъикоси Инқилоби халқии шӯравии Бухоро дар асарҳои Садриддин Айнӣ» бомуваффақият дифоъ намуд.
Солҳои 1980–1995 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ходими калони илмӣ ва баъдан сарходими шуъбаи таърихи навтарин фаъолият намуданд. Дар ин давра масъалаҳои таърихи фаъолияти бонкҳои Русия дар Осиёи Миёна ва равандҳои иҷтимоию иқтисодии минтақа мавриди таҳқиқи амиқи ӯ қарор гирифтанд. Натиҷаи ин пажӯҳишҳо соли 1991 дар шакли рисолаи докторӣ таҳти унвони «Мавқеи сармояи бонкӣ дар инкишофи вазъи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна (охири солҳои 90-уми асри XIX – соли 1917)» ҳимоя гардид. Соли 1994 ба ӯ унвони илмии профессор дода шуд.
Аз 1 сентябри соли 1995 фаъолияти худро ҳамчун профессори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат идома дод. Ӯ аз рӯзи таъсиси кафедраи фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ (соли 2001, ки ибтидо «Ҷомеашиносӣ» ном дошт) то моҳи январи соли 2013 мудири кафедра буд. Минбаъд низ ҳамчун профессори ҳамин кафедра фаъолияти омӯзгорӣ ва илмиро идома медиҳад.
Профессор Намоз Ҳотамов муаллифи зиёда аз 250 асари илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ мебошад. Самтҳои асосии таҳқиқоти ӯ таърихи Осиёи Марказӣ, таърихи Бухоро, таърихи бонкдорӣ ва соҳибкорӣ, таърихи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва таърихи навини халқи тоҷикро дар бар мегиранд.
Аз ҷумлаи муҳимтарин осори ӯ китобҳои «Инъикоси Револютсияи халқии шӯравии Бухоро дар асарҳои С. Айнӣ» (1980), «Мавқеи сармояи бонкӣ дар инкишофи вазъи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна» (1990), «Сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухоро» (1997; нашри такмилёфта – 2018), «Ҷадидони Бухоро ва давраҳои асосии фаъолияти онҳо» (2000), «Таърихи халқи тоҷик (аз солҳои 60-уми асри XIX то соли 1924)» (2001; нашри дуюм – 2007), «Аз таърихи бонкҳо ва соҳибкорӣ дар Осиёи Марказӣ» (2002), «Аз таърихи аввалин корхонаҳои саноатӣ дар Осиёи Миёна» (2005), «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 9 (2005; нашри такмилёфта – 2013), «Дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият» (2008), «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ» (2010; нашрҳои такмилёфта – 2017 ва 2018), «Таърихи халқи тоҷик (аз замонҳои қадим то имрӯз)» барои муассисаҳои таҳсилоти олии ғайритаърихӣ (2011; нашри дуюм – 2015) ва «Таърихи бонкҳо ва соҳибкорӣ дар Осиёи Миёна» (2014) мебошанд. Ӯ инчунин аз муаллифони ҷилдҳои IV, V ва VI-и «Таърихи халқи тоҷик» ва яке аз муаллифони таърихи бисёрҷилдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар баробари фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ, профессор Ҳотамов дар рушди соҳаи маориф ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ аъзои шуроҳои ҳимояи рисолаҳои номзадиву доктории назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи А. Дониш ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сарвари гурӯҳи коршиносони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба китобҳои дарсии фанни таърих, аъзои Шурои миллии таҳсилот ва Комиссияи аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни таърих мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ зиёда за шаш нафар рисолаи докторӣ ва номзадӣ ҳимоя намуда, чандин муҳаққиқи ҷавон таҳқиқоти илмии худро идома медиҳанд.
Профессор Намоз Ҳотамов иштирокчии фаъоли конфронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, барои хизматҳои арзандааш бо унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «Барои шуҷоати ҳарбӣ», медали ҷашнии «Ба муносибати садсолагии зодрӯзи В.И. Ленин», инчунин бо Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ қадрдонӣ шудааст.
Профессор Намоз Басарович Ҳотамов аз ҷумлаи олимони соҳибмактаби тоҷик буда, осори илмии ӯ дар омӯзиши таърихи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Марказӣ, таърихи Бухоро ва таърихи халқи тоҷик ҷойгоҳи арзанда дошта, дар рушди илми таърих ва тайёр намудани мутахассисони соҳа саҳми назаррас гузоштааст.
