RU
САДОИ МОНДАГОР ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ
(бахшида ба 130 – солагии Акашариф Ҷӯраев )
 
Ҷӯраи халқу ҳофизи халқӣ,
Дӯст медорадат туро аз ҷон.
Ҳар, кӣ ҷояш дили касон бошад,
То абад зинда асту ҷовидон.
Пас ба бахти диёру халқи азиз,
Ҷовидон Ҷӯраю Шариф бимон.
Абдусалом Деҳотӣ
 
Акашариф Ҷӯраев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи орденҳои Ленин ва "Нишони фахрӣ" 3 марти соли 1896 дар маркази бекигарии Дарвоз – Қалъаи хумб, хозира вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон, чашм ба дунё ҳастӣ кушодааст. Падар ва бобояш ба мусиқӣ рағбати зиёд доштанд. Фориғ аз кори деҳқонӣ, онҳо ба навохтани дутору сетор ва дигар асбоби мусиқӣ машғул шуда, сурудхонӣ мекарданд. Шарифи хурдсол ҳамаи инро мушоҳида мекард ва ҳиссиёти азалии дар ниҳодаш буда, торафт бештар ҷӯш мезад.
Ин ҳиссиёту истеъдоди Шарифро ҳамдеҳагон мушоҳида намуда, баъзеҳо аз ояндаи дурахшони ӯ пешгӯӣ мекарданду дигарон онро ҳаваси кӯдакӣ мегуфтанд.
Шоири соҳибдевони Дарвоз Иззатшоҳ, ки дар Бухорои Шарқӣ ҳамчун шоир ва донишманди нозукиҳои санъати мусиқӣ маъруф буд, дар ниҳоди писарбача санъати асилро эҳсос менамояд ва ӯро ба тарбияи худ мегирад. Он ҷо яке аз дӯстони Иззатшоҳ Мирзо Ғуломи Чангӣ ба Шарифи ҷавон назокатҳои мусиқии суннатиро меомӯзонад. Аввали солҳои 20-уми асри гузашта, баъди тағйири низом дар минтақа, Акашариф Ҷӯраев ҳамроҳи Мирзо Ғуломи Чангӣ ба Ғарм меоянд. Соли 1925 ӯро мудири «Чойхонаи Сурх», ки ниҳоди давлатии фарҳангу маориф  буд, таъин мекунанд. Он ҷо ӯ ҳунари худро сайқал дода, ҳамчун ҳофизи хушсалиқа ном мебарорад. Чун нишонаи эътирофу эътибори санъати волояш, дар байни халқ бо номи Акашариф шуҳрат пайдо менамояд.
Дере нагузашта, аниқтараш соли 1935 Акашариф Ҷӯраевро ба радиои пойтахт ҳамчун ҳофиз ба кор даъват карда мешавад. Баъдан, сарвари гурӯҳи ҳунарии радиои Тоҷикистон таъин мегардад.
Соли 1939 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кори худ оғоз набуда ва роҳбарии дастаи ҳунариро ба дӯши Акашариф Ҷӯраев мегузоранд. Сурудҳои “Камаров”, “Алла”, “Қалъабандӣ” ва “Чорзарб” аз эҷодиёти машҳури Акашариф Ҷӯраев мебошанд. Ӯ, ҳамчунин, яке аз сарояндагони маъруфи “Шашмақом” буд. Таронаҳои “Ҷони ман”, “Анора овардам”, “Ҷӯраҷон”, “Булбулон”, “Интихоб мекунам” аз маъмултарин таронаҳои ӯ ба шумор меравад.
Дар сафарҳои ҳунариаш ба кишварҳои Россия, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистону Афғонистон бо санъати волои мусиқӣ ва шеъри ноби тоҷикӣ дили ҳазорҳо ҳаводорони созу сурудро тасхир кардааст.
Устод Акашариф Ҷӯраев ҳангоми дар Филармонияи давлатӣ фаъолият кардан, деҳа ба деҳаҳои кӯҳистон мегашт, истеъдодҳоро меҷуст, месанҷид ва ба пойтахт меовард, то мусиқии асили тоҷик боз бештар сайқал ёбад. Ҳамин заҳмати устод буд, ки дар саҳнаи ҳунар шахсиятҳое дурахшиданд, ки мусиқии тоҷикро равнақ бахшида, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
Акашариф дар овони кӯдакӣ ва наврасӣ дар назди устодони шеъру мусиқӣ Иззатшоҳ (шоир ва амалдори Дарвоз) ва Мирзо Ғулом (чангнавоз ва сароянда, яке аз шогирдони Ҳоҷӣ Абдулазиз) таълими касбӣ мегирад. Бояд таъкид намуд, ки маҳз ҳамин омил дар сайқали ҳунари ӯ нақши асосӣ ва ҳалкунандаро бозидааст. Яъне Ака Шариф истеъдоди бузург ва фитрӣ дошт ва дар айни замон ӯ назди устодони ҳунари мусиқӣ таълими комил гирифтааст.
Ин таълим аз як тараф боиси рушду маҳорат гардид, аз тарафи дигар бошад ба мазмуни суруду таронаҳои Ака Шариф бахшҳои навҳои Бухорову Самарқанд ва Бадахшону Ҳирот ворид шудаанд, зеро таърихан маълум аст, ки устоди Ака Шариф Мирзо Ғулом аслан марди бадахшӣ буд, вале ӯ чанд муддат дар Самарқанд дар назди Ҳоҷӣ Абдулазиз дарси мусиқӣ омухта буд.
Пас маълум мешавад, ки дар ниҳоди Ака Шариф ба садо омадани кулли навоҳои аслии тоҷикӣ замина дошт ва ҳамин буд, ки ӯ баъдан мақомҳои “Ироқи Дарвоз”, “Ушшоқи Дарвоз”, “Талқини Дарвоз” (дар пайравии “Ироқи Бухоро”, “Ушоқи Самарқанд”) ва ғайраҳо  офарид.
Бидуни муболиға гуфтан мумкин аст, ки Ака Шариф мероси мусиқии ҳамаи манотиқи кишвари тоҷикро ба пуррагӣ аз бар намудааст. Сурудҳои мавригӣ, ки имрӯз пораҳои шикаста ва қариб ношиноси онҳо дар мавзеи Бухоро боқӣ мондаанд, дар эҷодиёти Ака Шариф ба пурагӣ дар шакли сиютаи “Чорзарб” маҳфузанд. Маълум аст, ки мавригӣ ё аниқтараш, “мавригихонӣ” яке аз бобҳои бузург ва қадимии мусикии суннатии тоҷикон ба шумор меравад, ки он аслан дар муқоиса бо суннатҳои мусиқи Ҳироту Марв алоқаманд аст.   
Чорзарби Акашариф бо услуби мақомҳо офарида шудааст (яъне силсилаи ба ҳам пайванди суруду таронаҳо) ва айнан бахши мақоми муайянро ба хотир меорад.
Шариф Ҷӯра чун чеҳраи бозтоби ҳунарӣ аз ибтидои фаъолияти худ бо таснифоти рангину таркибан шоду муассиркунандаи созию овозӣ, дар назди ҷомеон ба сифати хонанда, навозанда ва мусаниф оҳангсози тозаэҷод эътибори шоён пайдо кард.
Акашариф Ҷӯра овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1946) 2 октябри соли 1966 ин дунёи фониро падруд гуфт.
Бешак, хизмати Акашариф Ҷӯраев барои рушди санъати тоҷик бебаҳост. Имрӯз Филармонияи давлатии Тоҷикистон номи ин нобиғаи санъатро дорост.
Яке аз сурудҳои машҳури ӯ, ки дар дили мардум ҷо гигрифтааст суруди зерин мебошад:
Эй ҳузури мақдамат, дар зиндагӣ бурҳони ман,
Мурда будам, зиндаам кардӣ, биё, эй ҷони ман.
Пеш меомад ба ҳар ҷо дар раҳат барги гуле,
Бурда буд оинае аз дидаи ҳайрони ман.
Баҳри побӯси ту ҳар ҷо сабзае сар мекашид,
Дошт бо худ нусхае аз асрати мижгони ман.
Интизорӣ доштам дар гӯшаи вайронае,
Юсуфистон кард фазлат кулбаи эҳзони ман.
Бедил, аз сӯзи дилу дасти тиҳӣ шармандаам,
Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман.
 
Хулоса дар сурудҳои Акашариф Ҷураев тамоми мавзӯҳои дардноки тоҷикӣ хонда шудааст. Миёни мардум бо номҳои шеър, ашӯла, тарона, ғазал, нақш ва нақшхонӣ, рубоӣ, мухаммас, байт ва ғайра маълуму машҳур аст.
Истеъдод ва маҳорати Акашариф Ҷура дар сурудани таронаҳои мардумӣ бе мислу монанд буд. Ӯ таронаҳои шавқангез ва дилнавози мардумиро бо лаҳну шеваи хос ба сатҳ ва мақоми дилпазири классикӣ мебардошт. Ба онҳо вусъати бадеиятаи созу овоз ва тобишҳои муоссир мебахшид.
Сурудҳои халқӣ асосан тавассути оҳанг иҷро мегарданд. Онҳо дар асоси жанрҳои адабии манзум ба монанди рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, мухаммас, маснавӣ, қитъа ва ғайра сохта мешаванд.
Вазифаи асосии сурудҳои мардумӣ баёни эҳсоси латифи инсонӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳисси ҳувияту ватандӯстӣ мебошад.
Аз ин нуқтаи назар сурудҳо фарогири мавзӯҳои ишқӣ-лирикӣ, ҳаҷвӣ, мотам, ғарибӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти инсон мебошанд.      Бинобар сабаби ба дарди ҷомеа наздик будани муҳтавои асосии сурудҳо то имрӯз миёни мардум маҳбубият доранд ва пайваста дар забони мардум садо медиҳанд.
Аз ин ру, чорабинии, ки 19 – уми июни соли 2026 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмии “Акашариф Ҷӯра ва масоили мубрами эҷодиёти шеърӣ – мусиқии тоҷик: дирӯз ва имрӯз” 130 солагии ҳофизи халқии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд, эҳтиром ба номи неки бузургони миллат буд.
 
Ӯрун Кӯҳзод. Акашариф Борбади асри XX. – Душанбе “Адиб”, 2005
Ҷумҳурият 2025с
 
Ходими илмӣ
Шуъбаи таърихи санъат
Қурбонова С.М.