RU
НАҚШИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН
Имрӯз, 21 май дар ҳошияи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати овардани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши қаҳрамонони миллат дар эҳёи давлатдории тоҷикон” баргузор гардид.
Ба кори конфронс директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Донишии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муродзода Аҳмадхон ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ дар самти омӯзиш ва таҳқиқи саҳми фарзандони барҷастаи миллат дар эҳёи давлатдории тоҷикон аҳамияти хосса доранд.
Қайд гардид, ки имрӯз ҷомеаи илмии кишвар вазифадор аст, то бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ ва таҳқиқоти муосир нақши шахсиятҳои таърихиро дар ташаккули давлатдории миллӣ ҳамаҷониба баррасӣ намояд. Арҷгузорӣ ба хотираи қаҳрамонони миллӣ на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани ифтихори ватандӯстӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар наслҳои нав мебошад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат ва эҳёи арзишҳои таърихӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди тафаккури таърихии ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Дар идомаи конфронс олимону муҳаққиқон дар маърузаҳои хеш доир ба нақши шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ дар раванди ташаккул ва таҳкими давлатдории тоҷикон андешаҳои илмӣ ва таҳлилҳои амиқ ироа намуданд. Таъкид гардид, ки фаъолияти сиёсию ҷамъиятии Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур дар марҳилаи ҳассоси таърихи миллат ба таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон мусоидат намуда, дар роҳи худшиносӣ ва бедории миллӣ нақши назаррас гузоштааст.
Ҳамзамон, иштирокчиён саҳми чеҳраҳои маъруфи фарҳангӣ ва маънавии миллат, аз ҷумла Нисор Муҳаммадро дар ғанӣ гардонидани мероси фарҳангӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд. Зикр шуд, ки омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи мероси чунин шахсиятҳо барои дарки дурусти раванди таърихии ташаккули ҳувияти миллӣ аҳамияти калон дорад.
