RU
НАҚШИ НИСОР МУҲАММАД ДАР ТАЪСИСИ ҶШС ТОҶИКИСТОН
Дар таърихи сиёсии тоҷикон ва Тоҷикистон номи Нисор Муҳаммад дар баробари як қатор адибон, олимон ва сиёсатмадорони ватандуст С. Айнӣ, А.Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев, инчунин сарварони сиёсии зиёиёни ватандор - Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдулраҳим Хочибоев, Абдуқодир Муҳиддинов ва Чинор Имомов меистад.
Ҳануз дар айёми ҷавонӣ Нисор Муҳаммад аз сохти иҷтимоии давлати Ҳиндустону Афғонистон норозӣ буд. Ояндаи мардуми хешро пеши назар оварда, бар зидди мустамликадорони Англия ва бар зидди режими мутлақият мубориза мебарад. Ӯ дар ҳайати фидоиёни афғон тарғиботгари ғояҳои инқилоб буд. Бар зидди истисмор, хусусан зидди англисҳо мубориза мебурд.
Равшанфикрони мамлакатҳои Шарқ аз Инқилоби бузурги Октябр панд гирифта, роҳҳои инқилобро меомӯхтанд. Ҳамин тавр, дар Ҳиндустон, Афғонистон ва Эрон ҷунбишҳои миллию озодихоҳӣ ба вуҷуд омада, пешвоёни онҳо ба Ватани мо рӯ оварда буданд. Нисор Муҳаммад шахси хирадманду равшанфикр буда, дар ҳаракатҳои озодихоҳии халқи худ фаъолона иштирок менамуд.
Ҳангоме ки Нисор Муҳаммад ба Тошканд омад, маорифчиёни шӯравӣ ӯро ҳамчун шахси маърифатнок ва соҳибмаълумот истиқбол гирифтанд. Савияи сиёсии ӯро баҳо дода, Бюрои миллии Осиёи Миёна Нисор Муҳаммадро ба вазифаи таблиғотчӣ қабул кард. Аз соли 1921 ӯ дар мактабҳои олии шаҳри Тошканд оид ба мақсад ва вазифаҳои ҳокимияти шӯравӣ дарс мегуфт.
Нисор Муҳаммад ба ғояҳои коммунистӣ боварии комил дошт. Ӯ мегуфт: «Агар принсипҳои коммунистӣ ҳақиқатан дар амал ҷорӣ гарданд, он гоҳ тамоми дунё озод хоҳад шуд». Арбобони ҳизбиву давлатии Ҷумҳурии Туркистони Шуравӣ — А.М. Дьяков, Шириншо Шотемур ва Чинор Имомов устодони ӯ буданд. Дере нагузашта Нисор Муҳаммад шаҳрванди шӯравӣ шуда, соли 1924 ба сафи Ҳизби Коммунистӣ дохил гардид.
Солҳои бистум дар минтақаҳои тоҷикнишин ташкил намудани мактабҳои тоҷикӣ тақозои замон буд. Ғайр аз ин, ба забони модарии миллатҳои туркман, яҳудӣ, қирғизу қазоқ, ки дар Ҷумҳурии Туркистон истиқомат доштанд, кушодани мактабҳо зарур буд. Он вақт шахсоне пайдо шуда буданд, ки зери таъсири ҷараёни «пантуркизм» мехостанд исбот намоянд, ки Осиёи Миёна асосан аз туркзабонҳо иборат аст.
Ин мард, ки ватандӯст, қаҳрамон ва муборизи дорои иродаи устувор буд, аз фишору таҳдидҳои дохилӣ ва душманони хориҷии миллати тоҷик наҳаросида, далерона манфиатҳои халқи тоҷик ва миллати тоҷикро ҳимоя намудааст.
Дар натиҷаи ҷонисхорихои Нисор Мухаммад ва ҳамроҳони ӯ соли 1924 баъд аз хазор сол тоҷикон боз сохиби давлати худмухтори Чумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсисёфт. Коммунисти далер Нисор Мухаммад бо вайронкунандагони сиёсати миллии ленинй устуворона мубориза мебурд. У дар номахои навиштааш дар хакки вайронкунандагони сиёсати миллй чораи сахт диданро талаб мекард.
Вақте ки Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ташкил гардид ва Вазорати маориф таъсис ёфт, Нисор Муҳаммадов зуд-зуд ба Душанбе омада, ба маорифчиён ёрии амалӣ мерасонд. Ӯ дар таъмини кадрҳо, таъсис ва ташкили сохторҳои давлатии Тоҷикистони мухтор ҷонибдорӣ намуда, манфиатҳои миллию давлатии тоҷиконро дар Тошканд ҳимоя мекард.
Баъдан, бо шарофати кӯшишҳои Нисор Муҳаммад ва ҳамроҳони ӯ, 15–16 октябри соли 1929 дар Анҷумани III Шӯроҳои Тоҷикистон масъалаи ташкили Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ баррасӣ гардида, ҳалли он мусбат анҷом ёфт.
Нисор Муҳаммад дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва давлатии тоҷикон фаъолона иштирок мекард. Ҳамчун аъзои Комитети Иҷроияи Марказӣ ва лектори Комитети Марказии комсомоли ҷумҳурӣ дар байни ҷавонон маърӯзаҳо мехонд. Ӯ ба омӯзгорон оид ба таҳкими иқтидори Ватан суҳбатҳо мегузаронд.
Нисор Муҳаммад яке аз сиёсатмадорони маъруф ва арбобони ҷамъиятӣ буда, дар ибтидои асри ХХ рисолати таърихии худро дар назди миллати тоҷик ва тақдири ояндаи он дарк намуда, тамоми қувва, дониш ва нерӯи рӯҳонии худро барои ташкил ва таҳкими давлати Тоҷикистон равона сохта буд. Ӯ дар шароити ниҳоят вазнини вазъи сиёсӣ дар минтақа ҳамчун сиёсатмадори маъруф ва ташкилотчии ботаҷриба ба воя расид.
Тадқиқи ҳуҷҷатҳо ва манбаъҳои дастрас нишон медиҳад, ки дар он марҳилаи бисёр тақдирсози таърихӣ, нафарони зиёде аз роҳбарони сиёсии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва Туркистон кӯшиш мекарданд, ки ба манфиатҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон, махсусан дар масъалаи эътирофи миллат ва аҳолии он, зарар расонанд. Мақсад аз ин сиёсати шовинистӣ аслан аз байн бурдани ҳувияти миллӣ буд, ки ба ҳастии миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон хатари ҷиддӣ эҷод менамуд.
Бо вуҷуди ин, як қатор фарзандони ватандӯсту миллатпарвар, сарварони сиёсӣ ва зиёиёни ватандор, ба мисли Аббос Алиев, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Нисор Муҳаммад ва дигарон, дар ин давраи бисёр душвор дар ҳимояи манфиатҳои миллати тоҷик қарор доштанд.
Солҳои 1925–1930 Нисор Муҳаммад мухбири рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» буд. Дар саҳифаҳои ин рӯзномаҳо Нисор Муҳаммад далерона бар зидди ҳама гуна зуҳуроти миллатгароии харобиовар ва тамоюлҳои ҷудоиталабона мақолаҳо менавишт. Ӯ ташкилотчии як қатор тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда, барои мустаҳкам намудани арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои тоҷикон, инчунин таҳкими давлат ва давлатдорӣ кӯшишҳои зиёд намудааст.
Солҳои 30-юми асри ХХ дар тамоми қаламрави ИҶШС таъқиботи сиёсӣ оғоз гардид. Мутаассифона, ин раванд дар Осиёи Марказӣ боз ҳам шадидтар сурат гирифт. Мавқеи мӯътадили роҳбарияти Тоҷикистон нисбат ба деҳқонони заминдор дар ҷараёни коллективонӣ дар ҷаласаи Бюрои КМ КПСС(б) аз 5 декабри соли 1933 нодуруст ҳисобида шуд. Баъди эълон гардидани ин қарор, дар ҷаласаи ғайринавбатии чоруми Комиссияи марказии Кумитаи Иҷроияи ҶШС Тоҷикистон (27 декабри соли 1933) Нисор Муҳаммад, Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва чанд нафари дигар аз роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон аз мансабҳояшон озод карда шуданд. Ба онҳо айбдоркунии сиёсӣ, аз ҷумла иштирок дар ҳаракатҳои «зиддиҳизбӣ ва дар бисёр мавридҳо зиддишӯравӣ» эълон гардид. Ин воқеа ҳамчун яке аз саҳифаҳои сиёҳи таърихи сиёсии асри ХХ бо номи «таъқиботи сиёсӣ» ворид шудааст.
Воқеан ҳам, ин мард шахсияте буд, ки ба хотири шукуфоии миллат ва таҳкими давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми арзанда гузоштааст. Дар таърихи сиёсии тоҷикон номи Нисор Муҳаммад бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, то абад дар хотири мардум боқӣ хоҳад монд.
Хулоса, фаъолияти сиёсӣ ва ҷамъиятии Нисор Муҳаммад дар марҳилаи ташаккули давлатдории тоҷикон аҳаммияти муҳимми таърихӣ дорад. Ӯ ҳамчун сиёсатмадори дурандеш, равшанфикр ва ҳомии манфиатҳои миллӣ дар шароити мураккаби сиёсии ибтидои асри ХХ барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, ташаккули сохторҳои давлатӣ ва рушди маърифати ҷомеаи тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Мавқеи устувори ӯ дар ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои тоҷикон ва иштироки фаъолонааш дар равандҳои сиёсиву иҷтимоии давр Нисор Муҳаммадро ба яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи сиёсии Тоҷикистон мубаддал намудааст. Мероси сиёсӣ ва фаъолияти ватандӯстонаи ӯ ҳамчун намунаи хизмат ба миллат ва давлатдорӣ аҳаммияти муҳими илмӣ ва таърихӣ дорад.

Абдурашитов Ф.М. -

 д.и.т., сарходими илмии шуъбаи таърихи

навтарини Институти  таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии   ба номи А.Дониши  АМИТ

Ходими илмии шуъбаи таърихи

навтарин и Институти  таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии   ба номи А.Дониши  АМИТ

 Қозизода Ш.