RU
МИЗИ МУДАВВАРИ ИЛМӢ–НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ»
28 апрели соли 2026 бо ибтикори шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ифтихори 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ–назариявӣ дар мавзуи «Саҳми занон дар рушди илм» бо иштироки олимону муҳаққиқзанони муассисаҳои илмӣ–тадқиқотӣ баргузор гардид.
Чорабиниро директори Институт, доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода А.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, таъкид кард, ки саҳм ва нақши олимазанон ва духтарон дар рушди илм дар ҳама давру замон назаррас мебошад. Ӯ зикр намуд, ки занон ҳамчун нерӯи фаъоли зеҳнӣ дар пешбурди таҳқиқоти илмӣ, рушди донишҳои муосир ва тарбияи кадрҳои баландихтисос нақши муҳим мебозанд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму технология, иштироки фаъолонаи занону духтарон дар соҳаи илм аҳамияти махсус пайдо намуда, метавонад ба рушди устувори ҷомеа мусоидат намояд.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён доир ба мавзуи баррасишаванда маърузаҳо пешниҳод намуда, масъалаҳои марбут ба нақши занон дар рушди илм, дастовардҳои олимазанон дар соҳаҳои гуногун ва имкониятҳои васеъ намудани иштироки онҳо дар фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Қайд гардид, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои ҷалби занону духтарон ба соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, шумораи онҳо дар муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ пайваста меафзояд. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки дастгирии давлатии олимазанон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи мизи мудаввар як қатор маърузаҳои илмӣ аз ҷониби ҳайати профессорон ва кормандони илмӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, Қурбонова Ш.И., доктори илмҳои таърих, дар мавзуи «Саҳми баҳамоварии миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар замони истиқлолият»; Маҳмадҷонова М., доктори илмҳои филологӣ, дар мавзуи «Саҳми занон дар рушди илми тоҷик»; Абдурашитов Ф.М. доктори илмҳои таърих, дар мавзуи «Вклад женщин-историков в историографии истории Таджикистана»; Додхудоева Л.Н. доктори илмҳои таърих, дар мавзуи «Мукаддима Ашрафи – исследователь средневековой таджикской миниатюры»; Қобилова Б.Т., доктори илмҳои таърих, дар мавзуи «Вклад З.М. Таджиковой в исследование таджикской народной музыки»; Ҳасанова М., доктори илмҳои таърих, дар мавзуи «Тухфа Фозилова – исполнительница песен композиторов Таджикистана»; Бобоев Х.Ю., доктори илмҳои таърих, дар мавзуи «Женщины-астрономы Таджикистана»; Ғафуров А.М., номзади илмҳои таърих, дар мавзуи «Саҳми Т.В. Каширина дар омӯзиши таърихи Тоҷикистони Шуравӣ»; Шовалиева М. ва Юсуфбевова З., номзадҳои илмҳои таърих, дар мавзуи «Саҳми Азиза Мардонова дар рушди илми мардумшиносӣ»; Исматзода Ш., ходимони илмӣ, дар мавзуи «Саҳми академик Сороҷон Юсупова дар рушди илми геология» ва Асомиддинзода С., дар мавзуи «Саҳми занон дар омӯзиши таърихи ёдгориҳои бостоншиносии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ музокира сурат гирифта, иштирокчиён андешаҳои худро доир ба масъалаҳои баррасишуда иброз доштанд. Дар натиҷа пешниҳод гардид, ки маҳфили «Хирад» бахшида ба саҳми олимазанон баргузор карда шавад. Ҳамзамон, доир ба саҳми Т.В. Каширина баргузор намудани конфронсияи илмӣ-амалӣ зарур дониста шуд.
