RU
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ОҒОЗИ ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ШУЪБАИ ТАЪРИХИ НАВТАРИНИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ А. ДОНИШИ АМИТ
Имрӯз, 10 апрели соли 2026, дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзуи «Таърих ва таърихнигории тоҷик дар асри ХХ – аввали асри XXI» баргузор гардид.
Семинари мазкур бо иштироки кормандони илмии институт, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи таърих доир шуда, ба баррасии масъалаҳои мубрами таърихнигории миллӣ бахшида шуд.
Дар оғози ҳамоиш директори институт, доктори илмҳои таърих Муродзода А.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳоро дар шароити рушди илми миллӣ ва таҳкими худшиносии таърихии ҷомеа таъкид намуд.
Зимни семинар иштирокдорон доир ба марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди таърихнигории тоҷик дар асри ХХ ва ибтидои асри XXI, саҳми олимони ватанӣ дар омӯзиши таърихи миллӣ, инчунин масъалаҳои методологӣ ва сарчашмашиносии соҳа маърӯзаҳо ироа намуданд. Ҳамчунин, доир ба дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар рушди таърихнигории муосир барраси гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки чунин семинарҳои илмӣ барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба ва пешбурди таҳқиқоти минбаъда дар соҳаи таърихшиносӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
